ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Масоили визо, иқтисодӣ ва энержӣ дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар умури ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки қарор аст дар даҳаи севвуми моҳи июн баргузор шавад, баррасӣ мешаванд, менависад хабаргузории "Авеста".
Азсаргирии музокироти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи комиссияи байниҳукуматӣ бозгӯйи он аст, ки дар равобити миёни ду кишвари ҳамҷавор масоили мубраме пайдо шудаанд, ки ҳалли муштаракро тақозо мекунанд, ҳадс задааст хабаргузорӣ.
Тибқи иттилоъи ВКХ Тоҷикистон нахустин ҷаласаи байниҳукуматии ду кишвар 23 августи соли 2002 дар Душанбе баргузор шуда 18 феврали соли 2009 дар пойтахти кишвар ҷаласаи дуввуми комиссия дар умури ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйини хутути марзӣ баргузор шуд.
Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муъовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид раҳбарӣ мекунад. Раҳбари Идораи гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири саноъат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" Рустам Раҳматзода ва шахсони расмии дигар аъзои ин ҳайъат мебошанд.
Интизор меравад ҳайъати Ӯзбекистонро дар ин ҷаласа муъовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон дар умури иқтисодӣ Рустам Азимов раҳбарӣ кунад.
Барои бори ахир руасои ҷумҳури ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар чаҳорчӯби ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгхой, ки дар моҳи сентябри соли 2014 баргузор шуда буд, музокирот карданд. Дар ин дидор раҳбарони ду кишвар алоқамандии худ барои идомаи рушди равобити ду кишварро таъкид доштанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2015 равобити иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 4,6 маротиба руш кард. Тибқи омори нимсолаи аввали соли 2015 додуситади коло миёни ду кишвар аз $1,7 миллион бештар шуда ба Ӯзбекистон ба маблағи $1,4 миллион коло содирот шудааст.
Масоили ҳалношуда
Яке аз масоили умда дар ин ҷаласа масоили марзӣ, аз ҷумла содда кардани низоми раводид хоҳад буд. Ҳамчунин дар назар аст, ки азсаргирии равобити автобусӣ ва ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд баррасӣ шаванд.
Масоили дигари муҳим, ки баҳсҳои зиёдеро аз ду ҷониб ба дунбол дорад, мавзӯъи истифода аз захойири оби фаромарзӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар қаламрави Тоҷикистон мебошанд.
Дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2010 нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев унвонии ҳамтои вақти тоҷики худ Оқил Оқилов муроҷиъати расмӣ карда буд.
Дар ин нома, зикр мешавад дар сомонаи Хабаргузории итттилоъотии миллии Ӯзбекистон, Мирзиёев дар бораи пайёмадҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба кишварҳои поёноби Амударё изҳори назар кардааст.
Марз
Масоили марзӣ барои ду кишвар аҳамияти камтаре надоранд. Имтидоди марзи давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 1332,9 километр мебошад.
Тибқи қарордоди байниҳукуматии кишварҳо дар соли 2002 дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳ фаъол мебошанд. Аз онҳо 9 гузаргоҳ дорои сатҳи байналмиллалӣ буда ҳафт гузаргоҳи дигар дуҷониба мебошанд. Чаҳор гузаргоҳ барои убури васоили нақлияи роҳи оҳан пешбинӣ шудаанд.
Яке аз ҷоддаҳои умда ва хатти роҳи оҳани аз қисмати ғарбии Ӯзбекистон ба қисмати шарқӣ ва сипас ба Қирғизистон аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад.
Тибқи иттилоъи ВКХ Тоҷикистон, феълан барои убури шаҳрвандон ва васоили нақлия ду гузаргоҳи марзии сатҳи байналмиллалӣ фаъол мебошанд — "Дӯстӣ" дар ноҳияи Турсунзода ва "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон.
Дар замони Шӯравӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон танҳо марзи маъмурӣ вуҷуд дошт, аммо баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати таъйин ва аломатгузории марзи давлатии миёни ду кишвар ба миён омад. Комиссияҳои давлатӣ, ки солҳои 2000 ва 2002 барои таъйини хутути марзӣ таъсис шуда буданд, таъйини хутути 86% марзи миёни ду кишварро анҷом доданд ва қисмати боқимонда ҳамчунон мавриди баҳс аст.