Селоби шадид, ки шаби якшанбе дар пойтахти Гурҷистон рух дод, ба марги 12 нафар мунҷар шудааст, хабар медиҳад шаҳрдории Тбилиси. Боз беш аз бист нафари дигар нопадид шудаанд.
Селоб ба хиёбонҳои марказии шаҳр дар ноҳияи Ваке-Сабурталинск ва ба савоҳили Кура рехтааст. Феълан умури ҳисоби хисороти ворида аз ин офат идома дорад.
Тибқи иттилоъи ахир, дар пайи ин селоб 40 хонавода осеб бардоштаанд. Дар хиёбонҳои аз офат осебдида умури бозсозӣ идома дорад. Пулис васоили нақлияи маъмулиро ба масири дигар раҳ медиҳад.
Офати табиъйӣ ба дунболи резиши селоб, ки беш аз як соат идома дошту рӯдхонаи Вере аз савоҳил берун шуд, сурат гирифт. Селоб тақрибан боғи вуҳуши Тбилиси ва бошгоҳи муваққатии сагҳои велгарди Тамаз Элизбарашвилиро тахриб кард, ҳамчунин бархе аз манозили маскунӣ, автомобилҳо ва таъсисот дар бархе аз хиёбонҳои марказии Тбилиси хисорот бардоштанд. Аз боғи вуҳуш бархе аз ҳайвоноти ваҳшӣ фирор кардаанд, ки умури ҷустуҷӯ ва боздошти онҳо идома дорад.