ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар номаи тасаллияти раиси ҷумҳури Тоҷикистон унвонии раиси ҷумҳури Гурҷистон Георгий Маргвелашвили дар робита ба кушта шудани сокинон дар пайи обхезӣ дар Тбилиси ба хонаводаҳои кушташудагон ҳамдардӣ изҳор шудааст, хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
"Дар Тоҷикистон хабари вуқӯъи обхезӣ дар Тбилиси, ки ба кушта шудани одамон ва хисороти зиёди молӣ шудааст, бо андӯҳи амиқ дарёфтанд. Аз шумо хоҳишмандам, ҷаноби раиси ҷумҳур, ба хонаводаҳо ва пайвандони кушташудагон таъассуф ва тасаллияти амиқи моро бирасонед", — омадааст дар порае аз ин нома.
Селоби шадид бо жола ва боди сахт шаби якшанбе дар Тбилиси боъиси кушта шудани 12 нафар шуда ба тахриб шудани манозили маскунӣ, ҷоддаҳо ва таъсисоти дигар мунҷар шуд.