ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Як корманди дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бахши ёвари раиси ҷумҳур дар умури кадрҳо ифои вазифа мекарду исмаш Ҳасан Раҷабов аст ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъи худ дар ниҳодҳои интизомӣ.
Ҷузъиёти ин ҳодиса хабар дода нашудааст, вале зикр мешавад, ки вай дар авоили ҳафтаи гузашта боздошт шуда феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад. Вай аз моҳи феврали соли 2014 бад ин сӯ дар дар дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард.
Таҳқиқи ин ҳодисаро ниҳодҳои амниятӣ анҷом медиҳанд. Алайҳи Раҷабов тибқи моддаи 318 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ришваситонӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Ин модда то панҷ соли зиндон ва маҳрумӣ аз ҳаққи интисоб ба вазифаҳои мухталифро дар назар дорад.
Гуфта шудааст, ки маркази матбӯъотии раёсати ҷумҳурӣ ин хабарро на таъйид мекунанду на такзиб.