Тасмими БМТ дар мавриди танзими бозори арзи Тоыикистон

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон ба ин андеша аст, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби низоми бонкӣ – таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқейи амалиёти асъорӣ ва интиқоли маблағҳо мебошад.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Масъалаҳои назорат, баҳисобгирии амалиёти асъорӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ ва ҷанбаҳои дигари фаъолияти низоми бонкӣ дар машварате, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонбо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ баргузор намуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, омадааст дар иттилоияи бонки мазкур.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: мо барои мудохила аз захойири тиллову асъор истифода намекунем

Манбаъ меафзояд, аснои нишаст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода диққати ҳозиринро ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби низоми бонкӣ — таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқейи амалиёти асъорӣ ва интиқоли маблағҳо ҷалб намуда.

"Дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чорабиниҳои дахлдор андешида шуда истодаанд",-илова кард раиси БМТ.

Ҳамчунин, дар ҷаласа оид ба масъалаи муттаҳид намудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо, анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор ва интиқоли маблағҳо танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ(филиал ва марказҳои хизматрасонии онҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон, рушди бозори байнибонкии асъор, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ андешаҳо иброз гардиданд.

Роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ дар навбати худ пешниҳоди Бонки миллиро дар самт дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дар рӯзҳои наздик хулоса ва пешниҳодоти худро манзур медоранд.

Лентаи хабарҳо
0