Муҳоҷири тоҷик аз додгоҳи Брянск хост, ӯро ҷарима не, ҳабс кунанд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкБоздоштшуда дар боздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Боздоштшуда дар боздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қиболи як шаҳрванди Тоҷикистон, ки натавонист ҷаримаи ҳангуфтро барои қайди муваққатӣ надоштанаш дар Брянск пардохт кунад, парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҷаримаи ҳангуфтро пардохта натавониста, муҳоҷири тоҷик ба додгоҳи Брянск пешниҳод кард, ки ӯро ҳабс кунанд, иттилоъ медиҳад Брянск Today.

Ба иттилоъи ин расона, ному насаби муҳоҷир Гадрӯз Гулов буда, 26 сол дорад.

"Баъди тамом шудани мӯҳлати буду бошаш дар қаламрави Русия бо мошини худ қасд доштааст, марзи Русияро убур кунад, то тавонад дар асоси қонунгузории ин кишвар дубора ба ҷои кораш — Брянск баргардад",- менависад манбаъ.

"Аммо дар роҳ мошини ӯро кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нигоҳ медоранд. Кормандони пулис Гуловро ба Шӯъбаи умури дохилии Брянск мебаранд ва дар қиболаш парванда боз мегардад",- омадааст дар хабари сарчашма.

Додситонии Брянс гуфтааст, тафтиши қазияи Гулов ба анҷом расида, парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Ба иттилои расонаҳо, "муҳоҷири тоҷик аз кардааш пушаймон аст.Ӯ медонад, ки ӯро ё ҷаримаи ҳангуфт ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол интизор аст. Вай гуфтааст, вазъи молии хонаводааш хеле бад аст ва хоҳиш кардааст, ӯро на ҷарима, балки зиндонӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Гадрӯз Гулов ба додгоҳ ҳозир шуда, изҳори омодагӣ кардаанд, ки ҷаримаи ӯро пардохт намоянд, қайд мекунад сарчашма.

Лентаи хабарҳо
0