ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Кормандони пулис дар як рӯз аз сокинони Истаравшан ва Ҷилликӯл беш аз 37 кило маводи мухаддира дарёфту мусодира кардаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати умури дохила.
Аснои баргузории амалиёти вижаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 49-солаи сокини ноҳияи Истаравшан, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд.
"Ҳангоми кофтуков аз номбурда 26 килою 482 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 1 килою 25 грамм ҳероин дарёфт ва мусодира гардид"- меафзояд манбаъ.
Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Исфара, марди 43-солаи сокини ноҳияи Ҷилликӯл, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд, ки аз ӯ 11-килою 89 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар маҷмӯъ аз ҷониби кормандони пулис 38 килою 596 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.