Дар боздоштгоҳи вижаи Толятти 25 нафар атбоъи тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкБоздоштгоҳи вижа барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Акс аз бойгонӣ
Боздоштгоҳи вижа барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Атбоъи Тоҷикистон, ки муртакиби ҷароими мухталифи маъмурӣ дар Толяти шудаанд, дар боздоштгоҳи вижа интизори истирдод ба ватан мебошанд ва мушкили дар он аст, ки бештаре аз онҳо асноди шиносоӣ дар даст надоранд.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар боздоштгоҳи вижаи Толятти аз 175 нафар боздоштшудагони хориҷии муртакиби ҷароими мухталифи маъмурӣ 25 нафар атбоъи Тоҷикистон мебошанд, хабар медиҳад намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия.

"Феълан асноди зарурӣ алайҳи 11 нафар шаҳрванди Тоҷикистон таҳия шуда ва дар зудтарин фурсат онҳо ба ватан истирдод хоҳанд шуд", — гуфт раҳбари боздоштгоҳи вижа Виктор Попов.

Баъд аз сӯҳбати намояндаи вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ошкор шудааст, ки бархе аз ин афрод ба ҷуз аз муҷаввиз, ки иҷозаи қонуни фаъолият дар Русияро медиҳад, ҳамчунин асноди шиносоӣ дар даст надоранд.

Консулгарии Тоҷикистон иқдомоти зарурӣ нисбати ҳар яке аз ин маворидро анҷом медиҳаду асноди лозимиро таҳия месозад, ки ин нақзкунандагони муқаррарот ба ватан мунтақил шаванд.

Лентаи хабарҳо
0