Садалский дар марги Ҷуна омили ҷиноӣ мебинад

© Sputnik / Масляев / Гузариш ба медиабонкЭкстрасенс Джуна Давиташвили. Акс аз бойгонӣ
Экстрасенс Джуна Давиташвили. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Евгения Давиташвили, ки бештар бо номи Ҷуна шӯҳрат дорад, рӯзи душанбеи 8 июн дар синни 66 солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи дӯстонаш, қабл аз фавт вай тӯли ду рӯз беҳуш буд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ҳунарманд Станислав Садалский дар фавти Ҷуна омили ҷиноиро мебинад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба "Русская Служба Новостей".

"Ҷуна мегуфт, ки нафароне қасди моликияташро доранд. Вай ҳамвора мегуфт, ки ҳама манзили маро мехоҳанд, ба маскани ман даст дароз мекунанд, ба кохи бузурге, ки моликияташ буд", — гуфт ҳунарманд.

Ба гуфтаи Садалский вай алмосу тоҷи шоҳзани Ошӯриро дошт. Дар ҳамин ҳол ҳунарманд изҳор дошт, ки Ҷуна ба ҳеҷ нафаре моликияти худро васият накардааст.

Андрей Малахов маросими дафни Ҷунаро ташкил мекунад

Дар ҳамин ҳол "Газета.ru" хабар дод, ки маросими видоъ бо Ҷуна дар қабристони Ваганковск баргузор мешавад. Ӯро дар канори қабри писараш Вахтанг, ки 3 декабри соли 2001 дар синни 26-солагӣ фавтида буд, дафн хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Садалский, муҷрии телевизионӣ Андрей Малахов ба таҳияи маросими дафн машғул аст. Ҷуна бо пайвандони худ дар ин авохир иртиботе надошт.

Зиндагии Ҷуна ривоятҳои зиёдеро ба дунбол дошт ва мушахассоти ҳаёташ танҳо аз гуфтаҳои шахсиаш рӯшан шуда буд. Назароти истеъдодҳои Ҷуна мухталифанд: баъзеҳо ӯро қаллоб медонанду бархе дигар — наҷотдиҳанда.

Лентаи хабарҳо
0