ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ҳудуди 750 миллион нафар сокинони ҷаҳон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, 2,5 миллиард нафар аз зербаноҳои шароити беҳдоштӣ маҳрум мебошанд ва 1,3 миллиард нафар ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд, — гуфт дар сухани шодбошии худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Вай ба унвони ҷониби мизбон ширкаткунандагони Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланди натоиҷи иҷрои Даҳсолаи байналмиллалии "Об барои ҳаёт"-ро шодбош гуфт ва ба аҳамияти тадорукоти феълӣ таъкид кард.
Ба гуфтаи вай, дар солҳои гузаштаи даҳсола ба Аҳдофи рушди ҳазорсола (коҳиши дубаробари теъдоди нафароне, ки ба зербаноҳои амн ва аслии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд) пешравиҳои назаррасе мушоҳида шудааст. Вале бо вуҷуди дастрасӣ ба пешрафтҳо дар шароити зудивазшавандаи ҷаҳонӣ, таҳдидоти ҷадиде назири тағйири иқлим, афзоиши ҷамъият, бӯҳрони иқтисодиву молӣ, ғизоӣ ва энержӣ пайдо шудаанд. Бемориҳои сирояткунанда, тундгароӣ ва даргириҳои низомиро аз анвои дигари ин таҳдидот муъаррифӣ кард. Ин омилҳо аз рушди ояндаи ин пешрафтҳо монеъ мешаванд.
Ба инсоният хушксолӣ ва камбуди об таҳдид мекунанд
Ба гуфтаи вай обхезиҳо ҳамасола ба сурати мутавассит ба маблағи беш аз $60 миллиард ворид месозанду биёбоншавӣ ва хушкӣ ба манобеъи зиндагии беш аз 1,2 миллиард нафар дар ҷаҳон таҳдид мекунанд. Раиси ҷумҳур зикр кард, ки тибқи пешбинии коршиносон, рушди аҳолӣ то соли 2050 ба 9 миллиард мерасад, ки боъиси афзоиши масрафи об шуда беш аз 50 дарсади сокинон бо камбуди об мувоҷеҳ мешаванд.
Вай ба ҳозирин дар бораи суханронии худ дар Ҳамоиши 7 Байналмиллалии Об хабар дод ва пешниҳоди тозаеро ироъа кард — эъломи даҳсолаи ҷадиди "Об барои рушди муназзам", ки имкон медиҳад иқдомоти оғозшуда барои дастрасӣ ба Аҳдофи рушди муназзам идома дода шавад.
"Рушди нерӯи обӣ — яке аз роҳҳои стратегии рушд дар кишвар аст"
Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба мушкилоти марбут ба нерӯи барқи обӣ таъкид кард.
Ба гуфтаи вай, ҳарчанд Тоҷикистон аз зарфияти ғании нерӯи барқи обӣ бархурдор асту феълан ба далоили мухталиф танҳо 4 дарсади он мавриди истифода қарор гирифтааст, кишвар ҳамасола ба камбуди мавсимии нерӯи барқ мувоҷеҳ мебошад, ки дар қарни 21 ғайри қобили қабул мебошад. Ба ин далел рушди энержии обӣ яке аз аҳдофи стратегии рушд дар кишвар маҳсуб мешавад.
Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба масоили амнияти ғизӣ таваҷҷӯҳ карда изҳор дошт, ки ҳалли ин мушкил низ аз аҳдофи стратегӣ дар кишвар дониста мешавад. Муқобала бо тағйири иқлимро вай яке авлавиятҳои дигар унвон кард. Ба гуфтаи вай обхезиҳои дар пайи тағйири иқлим рух медода ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи беш аз $1 миллиард хисорот ворид карда ҷони садҳо нафарро рабудаанд.
Дар интиҳои суханронии худ раиси ҷумҳур ба таҳдидоти минтақавӣ таъкид карда рушди аҳолӣ дар Осиёи Марказиро зикр кард.