Нахустин тамрини тими мунтахаби Ӯрдун дар Душанбе

© Официальный сайт ФФТТими мунтахаби футболи Урдун ба Душанбе омад. 8 июни соли 2015
Тими мунтахаби футболи Урдун ба Душанбе омад. 8 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии аввалини мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ӯрдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Мунтахаби футболи Ӯрдун, ки 8 июн барои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе омад, ба аввалин тамрини худ шурӯъ кард, менависад сомонаи Федератсияи футболи кишвар.

Дастаи мунтахаби футболи Ӯрдун, ки барои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Тоҷикистон 8 июн тавассути ҳавопаймо аз Дубай ба Душанбе омад, бегоҳи гузашта дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон ба тамрин шурӯъ намуд.

Ба иттилоъи манбаъ, Аҳмад Абу Исмоил, сармураббии тими миллии Ӯрдун, ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон 26 бозигарро овардааст.

"Оқои Исмоил моҳи марти соли гузашта ба ҳайси сармураббии тими "Зат Рас"-и Ӯрдун ба шаҳри Хуҷанд омада буд ва дастааш дар бозии Ҷоми AFC "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд",- меафзояд манбаъ.

Тими миллии Ӯрдун пеш аз бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом додааст. Бозии аввали урдуниҳо дар шаҳри Ирбид бо мунтахаби Лубнон бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Бозии дувуми мунтахаби Урдун 5 июн дар Истамбули Туркия бо тими миллии Кувайт бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи урдуниҳо поён ёфт. Дар нимаи дувум кувайтиҳо ду гол зада, ҳисобро баробар карданд.

Дар бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт ҳайати мунтахаби Ӯрдун чунин буд: Умар Шафеӣ, Анас бани Ясин, Иброҳим Завоҳира, Едӣ Заҳрон, Аднан Адус, Аҳмад Самир, Баҳа Абдураҳмон, Абдулло Зиб (Муҳамммад Мустафо), Мунзир абу Амора (Едӣ Сайфӣ), Ҳасан Абдуфаттоҳ (Раид Навотир), Ҳамза Дардур (Юсуф Равошида).

Бозии аввалини мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ӯрдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0