30 ҳазор хориҷӣ дар суфуфи ДОИШ меҷанганд

© AP / Raqqa Media Office, FileҶангҷӯи ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Ҷангҷӯи ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷонсии иттилоотии “Ал Олам” хабар додааст, ки ин нахустин гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷангиёни бегонаи ДОИШ аст.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik Шӯрои амнияти СММ дар гузорише эълом кард, ки ҳудуди 30 ҳазор табааи хориҷӣ дар суфуфи гуруҳи терористии ДОИШ меҷанганд, хабар медиҳад Sputnik дарӣ.

Ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: танҳо ба 1-2 нафари пушаймононшудагони “ДИ”метавонем кӯмак кунем

Дар ин гузориш омадааст, ки шумори ҷангҷӯёни хориҷии ДОИШ 9 моҳи охир дар ҳудуди 70% афзоиш ёфта, ки ин амр нигории бисёреро ба вуҷуд оварда аст, зеро падидаи ДОИШ бад ин тартиб аз маҳдудаи ҷуғрофиёии қаблии худ густариш ёфта ва ба манотиқи дигар монанди Аврупо расида аст, ки қаблан тасаввур мешуд аз субот ва амният бархурдоранд.

Ин гузориш ҳамчунин ҳокӣ аст, ки ҳадди мутаввасити эъзоми терористҳои бегона ба Сурия ва Ироқ акнун беш аз ҳар замони дигар аст ва ДОИШ дар Либиё низ дар ҳоли густариш мебошад.

Гузориши Шӯрои амният аз Сурия, Ироқ ва Либиё ба унвони мактаби воқеии терористҳо ном бурда ва таъкид карда аст, ки аъзои ин гуруҳи терористӣ шаҳрвандони 100 кишвари мухталиф мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0