Раҳмон ва Абдуллоҳ масоили амнияти марзҳои муштаракро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфт. Душанбе, 8 июни соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфт. Душанбе, 8 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон субот дар марзи ду кишвар ва мубориза алайҳи ифротгароиро муҳокима карданд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сӯҳбат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла субот дар марз ва мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ кардааст, менависад ОИ Авеста.

Ба иттилои Радиои Озодӣ райисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, Душанбе ҳамеша тарафдори ҳамкорӣ бо Кобул буду ҳаст ва хоҳад монд. Раҳмон илова кардааст, ки "Тоҷикистон хонаи дувуми Шумост" ва афзудааст, "кӯшиш мекунем, муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари Шумо алоқамандии хос дорем".

Даъвати Раҳмон аз ҷаҳониён барои мубориза алайҳи нашъа ва тундгаройӣ

Ин нахустин сафари хориҷии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз замони раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон шудани ӯст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи фаъол шудани хатти барқи 220 — киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар, CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ сӯҳбат кардаанд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, шоми якшанбе вориди Тоҷикистон шуд ва субҳи рӯзи душанбе ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик, дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт.

Яке аз ҳадафҳои сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон иштирок дар ҳамоиши байнулмилалии "Об барои ҳаёт" гуфта мешавад. Ба иттилои расида,  доктор Абдуллоҳ дар мулоқоти худ бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон масъалаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳдидҳои тоза дар минтақаро низ баҳс хоҳад кард.  

Лентаи хабарҳо
0