Моликони “Домодедово” барои амали террористӣ муҷозот мешаванд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкДар фурӯдгоҳи "Домодедово". Акс аз бойгонӣ
Дар фурӯдгоҳи Домодедово. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо гузашти чаҳоруним сол баъд аз вуқӯъи амали террористӣ дар фурудгоҳи “Домодедово” дар соли 2011, ки ба марги 37 нафар мунҷар шуд, бозрасон алайҳи моликони маълуму номаълум парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Комитети таҳқиқотии Русия алайҳи раҳбарони фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба вакили дифоъи яке аз ҷабрдидагон Игор Трунов.

"Парвандаи ҷиноӣ… алайҳи моликони фурудгоҳи "Домодедово" тибқи моддаи 238 қ.3 Қонуни ҷазои ФР "иҷрои кор ва ё ироъаи хадамоте, ки ба меъёрҳои амниятӣ мутобиқ нестанду ғайри мустақим боъиси марду ду ва ё нафарони бештар шудааст…" нисбати мудири ширкати "Экспорт Менеджмент Компани Лимитед" Тришина С.А., мудири ширкати "Домодедово Эрпорт Авиэйшен Секюрити" Данилова А.Л., мудири маҷмаъаи фурӯдгоҳӣ Некрасова В.А. ва афроди мушшахаснашудаи дигари моликони воқеъии фурӯдгоҳи байналмиллалии "Домодедово" боз карда шудааст", — омадааст дар баёнияи анҷумани вакилони мудофеъи "Трунов, Айвар и партнери".

Террористи худкуш 24 январи соли 2011 дар толори фурудоии фурудгоҳи "Домодедово" мунфаҷир сохт. Тибқи иттилоъи таҳқиқот, ин амали террористӣ аз сӯйи раҳбари созмони ҷиноии "Имарат Кавказ" Доку Умаров баргузор шудааст. Дар итоати ин нафар гурӯҳи ҷиноие бо шумули Аслан Бютукаев ва Супян Абдуллоев қарор доштанд. Дар пайи ин ҳодиса 37 нафар кушта шуданд, ки се нафари онҳо атбоъи Тоҷикистон буданд.

Лентаи хабарҳо
0