ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. ИФА Русия бахши вижаи муқобала бо таблиғгарони терроризм дар фазои интернетӣ таъсис дод, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба рӯзномаи русии "Новий ден".
Зарурати таъсиси чунин бахш баъд аз фирори фармондеҳи собиқи ОМОН Гулмурод Ҳалимов ба назди террористон ва фирори донишҷӯйи 19-солаи руси ДДМ аз Москав ба Сурия пайдо шудааст, омадааст дар хабар.
Танҳо дар Маскав барои муқобала бо таблиғгарон беш аз 300 нафар кормандони ИФА Русия машғул мешаванд. Бо чанд нафари дигар аз пайи таблиғгарони интернетӣ дар ҷамоҳири Қафқози Шимолӣ назорат хоҳанд кард.
Бахши ҷадиди муқобалаи иктишофӣ се самти фаъолият доранд: таҳлилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, иттилоъотӣ. Кормандони ниҳоди аввал ба сурати шабонарӯзӣ расонаҳо, сомонаҳо, шаҳрҳоро бозрасӣ карда ба ниҳодҳои дуввуму севвум машварат медиҳанд.
Ниҳоди дуввум дар навбаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баҳсгоҳҳои интернетӣ бо таблиғгарон музокирот мекунад. Ироъаи таблиғоти зиддитаблиғгарӣ аз аҳдофи аслии онҳо мебошад. Коршиносони ниҳоди севвум "партовҳои иттилоотӣ" ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро таъмин мекунанд.