ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ифтитоҳи бинои ҷадиди "Агентии таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар"-и вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.
Ба гуфтаи раҳбари вазорати меҳнат Сумангул Тағойзода, танзими масоили муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон мавзӯъи умда аст ва пайваста мавриди таваҷҷӯҳи вижаи раҳбарияти кишвар қарор дорад.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта дар сохтори ин вазоратхона Агентии таъмини ҷойи кор дар хориҷи кишвар таъсис шуда буд. Дар соли нахустини фаъолияти ин ниҳод ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини кормандонаш 100 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллари ИМА) ихтисос дода буд.
Дар соли 2015 будҷаи ин агентӣ то 381 ҳазор сомонӣ (бо дарназардошти таваррум ҳудуди 60 ҳазор доллари ИМА) афзоиш ёфта теъдоди кормандонаш феълан ба 27 нафар расидааст. Дар соли ҷорӣ намояндагии ин агентӣ дар ВМБК, Суғд ва Хатлон фаъол карда шудаанд.
Феълан агентӣ бо корхонаҳо ва муъассисоти Федератсияи Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар барои муҳоҷирати кории сокинони кишвар қарордодҳо имзо кардааст.
Дар маросими ифтитоҳи бинои ҷадид сафири Бритониё дар Тоҷикистон Хю Филпотт, намояндагони вазорати рушди байналмиллалии Бритониё Боб Левирингтон ва созмони байналмиллалии кор Тайм Курт ширкат карданд.