ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Рӯзи якшанбе доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон барои аввалин бор бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.
Қарор аст, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон дар ҷараёни ин сафараш ба Душанбе дар Конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" иштирок карда, бо мақомҳои баландпоя, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар мулоқот ва гуфтугӯ намояд.
Ба иттилоъи манбаъ, доктор Абдуллоҳ дар мулоқоти худ бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон масъалаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳдидҳои тоза дар минтақаро баҳс хоҳад кард. Раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллӣ, инчунин, дар хусуси мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Кобулу Душанбе гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони баландпояи наздик ба 70 кишвари дунёву 50 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Пан Ги Мун ширкат хоҳанд кард.