ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, феълан 40 тан аз сокинони шаҳру деҳоти Исфара дар Сурияву Ироқ қарор доранд, менависад хабаргузории "Озодагон".
Ин нуктаро ӯ зимни мулоқот бо раҳбарият ва фаъолони шаҳри Исфара иброз доштааст.
Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳри Исфара ба хабаргузорӣ гуфтааст, мулоқоти Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар Кохи фарҳанги шаҳри Исфара доир шуда, зимни мулоқот масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуруҳи бо ном "Давлати исломӣ" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Додситони кулл гуфтааст, айни замон тахмин 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи "Давлати исломӣ" шомил гардида, дар набардҳои хунини давлати бегона ширкат меварзанд, ки аксари онҳоро ҷавонони аз 18 то 35 сола ташкил медиҳанд.
"Аз ҷумла 40 нафарашон аҳли оилаҳои худро ба ин мулки бегона бурдаанд", — гуфтааст додситони кул.
Юсуф Раҳмон дар идома таъкид кардааст, аз вилояти Суғд ҳоло 99 нафар ба сафи ин ташкилоти террористӣ шомил шудаанд, ки 40 нафарашон сокинони шаҳру деҳоти Исфара мебошанд.
"То имрӯз 60 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ҳалокат расидаанд. Зану фарзандони нафарони оилаашонро ба Сурия бурда, ки худ фавтидаанд, ҳамарӯза дар ғуломии аъзои "Давлати исломӣ" қарор доранд", — илова кардааст додситон.
Ба қавли прокурори генералии Тоҷикистон, алъон дар шабакаи интернет беш аз 7 ҳазор сомонаи паҳнкунандаи ақидаҳои террористиву экстремистӣ фаъоланд ва "бояд насли ҷавони ҷомеаро аз ин хавфу хатари ҷиддӣ эмин нигаҳ дошт".
Ба иттилои манбаъ, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ширкатдорони мулоқотро ба масъулиятшиносии бештар, фаъолнокӣ ва вусъат бахшидани кор дар самтҳои таъмини волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҳама гуна ҷинояткориву хатарҳои трансмилӣ ва хусусияти экстремистиву террористидошта, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва оромиву суботи ҷомеа даъват намудааст.
Сафари додситони кулли Тоҷикистон ба вилояти Суғд сеюми июн оғоз шуда, оқои Раҳмон бо роҳбарияту фаъолони як қатор навоҳии минтақа, аз ҷумла Исфара, Конибодом ва Ашт мулоқот кардааст.