ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. ХФМ Русия тасмим дорад ба ҳукумат тарҳеро пешниҳод кунад, ки тибқи он низоми соддасозии вуруди муҳоҷирони сохтмончӣ- онҳое, ки иншоотҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболро барои соли 2018 месозанд, амалӣ гардад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Известия" иттилоъ медиҳад.
Дар лоиҳаи қарори ҳукумат, ки онро Хадамоти федералии муҳоҷират омода кардааст, пешниҳод шудааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат санади муҳоҷирони бинокорро таҳия намоянд, инчунин дар қиболи онҳо квота ҷорӣ нагардад.
Дар хабари "Известия" қайд мешавад, ки бо чунин шарти содда шаҳрвандони ҳама кишварҳое, ки хоҳиши ширкат дар бунёди иншоотҳои варзишӣ бахшида ба мусобиқаи ҷаҳонии футбол дар соли 2018-ро доранд, қабул мешаванд.
Дар навбати аввал сохтмончиёне ба кор гирифта мешаванд, ки ба онҳо эҳтиёҷи бештар аст ва теъдоди онҳоро ҳукуматҳои минтақавӣ муайян хоҳанд кард.
Дар лоиҳаи мазкур ҳамчунин аз 20 то 15 рӯз кӯтоҳтар кардани ироаи даъватномаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ пешниҳод шудааст. Аммо ба корфармо зарур аст, ки қабл аз ба кор қабул кардани ҳар як муҳоҷир маълумотро дар бораи онҳо аз ХФА ва ХФМ ба даст биёранд.