Раҳмон бо Шойгу тақвияти ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Раҳмон аснои мулоқот бо Сергей Шойгу. Душанбе, 4 июни соли 2015
Эмомали Раҳмон аснои мулоқот бо Сергей Шойгу. Душанбе, 4 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон ва вазири дифоъи Русия масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ҶТ ва ФР дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Зимни мулоқоти райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, доир ба навсозии техникии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯ сурат гирифт, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии президент.

Раҳмон вазири мудофиаи Русия Шойгуро, ки  бо сафари корӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД  дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Сергей Шойгу ба Тоҷикистон омад

"Таваҷҷӯҳи бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя зоҳир гардид",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо пойгоҳи низомии 201-и Русия тақвият ёбад.

Ҷонибҳо инчунин, омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русияро баррасӣ намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0