ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Гурӯҳи вижаи АНМН дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагии деҳқонии ба номи Бобохон Ҳамдамови ноҳияи Ҷаббор Расулов дар масоҳати 1,5 гектар 31 500 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд, менависад сомонаи Агентии мазкур.
Ин чорабинӣ муштаракан бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд дар доираи амалиёти "Кӯкнор-2015" баргузор шуд.
"Дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагии деҳқонии ба номи Бобохон Ҳамдамови ноҳияи Ҷаббор Расулов дар масоҳати 1,5 гектар 31 500 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор гардид"- меафзояд манбаъ.
Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.
Амалиёти сартосарии "Кӯкнор-2015" дар охири моҳи май шурӯъ гардида, дар ду марҳила, аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли равон идома меёбад.