ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҷоизадорони озмуни байналмиллалии аксҳои ба номи Андрей Стенин эълом шуданд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ХБИ "Русия имрӯз".
Маросими эътои ҷоизаҳоро Мудири кулли ОИБ "Россия сегодня" Дмитрий Киселев ифтитоҳ кард ва аз ширкаткунандагони озмун, ки ҳудуди 5000 аксҳои худро аз 54 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, Африқо, Ховари Миёна, Ҳинд ва Ҷанубу Шарқи Осиё фиристондаанд, арзи сипос кард. Маросими эътои ҷавоиз дар Маркази байналмиллалии чандрасонаии хабаргузорӣ баргузор шуд. Озмуни баргузоркардаи ХБИ "Русия имрӯз" таҳти сарпарастии Комиссияи ФР дар умури ЮНЕСКО танҳо ва бузургтарин иқдоми байналмиллалӣ барои акксони ҷавон аст. Ҷавоизи ин озмун 50, 35 ва 25 ҳазор рубл барои ҷойгоҳи 1, 2 ва 3 муққарар шуда ва соҳиби "Шоҳҷоиза" 500 ҳазор рубл дарёфт кард.
Ҷоизаи аслии озмун "Шоҳҷоиза"-ро аккоси ҷавон аз шаҳри Иркутск Елена Аносова соҳиб шуд.
11 нафар ширкаткунандагони бахши ниҳоии озмун аз Русия, Бангладеш, Чин ва Испания бо ҷавоизи вижаи доварон қадрдонӣ шуданд.
Намоиши осори ҷоизадорон ва ҳамчунин бархе аз аксҳои худи Андрей Стенинро, ки зимни адои фаъолияти хидматиаш дар ҷанубу шарқи Украина кушта шуд, тирамоҳи соли 2015 дар яке аз намоишгоҳҳои Москав тамошо кардан мумкин аст.