ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав шаҳрванди 68-солаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти қудратӣ бо иттиҳоми содир намудани ҷиноёти сангин ҷустуҷӯ карда мешуд, дастгир шуд, менависад сомонаи Сарраёсати вилоятии ВКД Русия.
Пулис мегӯяд, боздоштшуда дар феҳрасти ашхоси таҳти пайгарди Интерпол қарор дошт ва бо гумони даст доштан дар азхудкунии маболиғу сӯйистифода аз ваколати хидматӣ муттаҳам дониста мешавад. Исму насаби дастгиршуда эълон нашудааст.
"Ин шаҳрванд ҳамроҳ бо мудири кулли як ширкати масъулияташ маҳдуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият дошт, забон як карда даст ба азхудкунии маблағ задаанд. Онҳо пули аз фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба дастовардаро, ки 1,8 миллион рублро ташкил медиҳад, дуздидаанд",- омадааст дар хабар.
Дар нисбати боздоштшуда чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ татбиқ гардида, ба иттилоъи мақомоти дахлдори байналмиллалӣ маълумот ироа шуд. Масоили марбут ба истирдоди ӯ баррасӣ мешавад.
Гуфтанист, дастгиршуда моҳи март вориди қаламрави Русия гардида, дар ноҳияи Ленини вилояти Маскав дар қайди муваққатӣ буд.