ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон 16-умин солгарди таъсисёбиашро 1 июн таҷлил кард, менависад сомонаи ин ниҳод.
"Дар зимни ин чорабинӣ кормандони наве, ки дар ин ниҳод қабул шуда буданд, савганд ёд кардаанд", — омадааст дар сомона.
Дар ин маросим намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, идораи зиддимухаддиротии ИМА иштирок намудаанд.
Ба кормандони фаъоли Агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳо тақдим шудааст.
Маросим бо сӯзонидани наздики 200 килограмм маводи мухаддир дар ҳузури хабарнигорон ва меҳмонони чорабинӣ ба поён расидааст.