ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ба манзури 3000 солагии Ҳисор дар Душанбе китоби "Фарҳанги водии Ҳисор дар чаҳорчӯби тамаддунҳои минтақави" бо теъдоди 250 нусха мунташир шудааст, ки муаллифонаш пажӯҳишгарони саршиноси тоҷик Аскаралӣ Раҷабзода ва Муҳаммадраҳим Каримзода мебошанд, менависад хабаргузории "Ховар".
Китоб ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба ифтихори 3000 солагии Ҳисор мунташир шудааст, ки аз он тирамоҳи соли ҷорӣ бошукӯҳ таҷлил мешавад.
Аскаралӣ Раҷабзода, муҳаррири масъул, доктори илмҳои таърих зикр кард, ки ин нахустин китоби пажӯҳишӣ мебошад, ки дар он куллияи манобеъи хаттии замони қадим, асрҳои миёна ва замони муъосир коркард шудаанд.
Муаллифон ҳамчунин талош кардаанд, ки ба мавзӯъоти қаблан камтар пажӯҳишшуда назири меъморӣ, наққошӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мусиқии водии Ҳисор аз замони қадим то солҳои муосир расидагӣ кунанд.
Пажӯҳиши масоили урфу одат ва маросим ва мероси онҳо, вижагиҳои таърихӣ ва фарҳанги тоҷикони водии Ҳисор дар заминаи таърихиву фарҳангӣ дар ин китоб меҳварӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ин китоб матолиб дар бораи водии Ҳисор, ки моли пажӯҳишгарони саршиноси Русия, Фаронса, Канада, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд, ҷамъоварӣ шудаанд.
Китоб ба ибтикори ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмаки Академияи илмҳои ҶТ, маркази пажӯҳишии фарҳанги халқҳои Шарқ "Борбад" мунташир шудааст.