ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон роҳбарони ду ширкатро бо ҷурми сирқати маблағҳои буҷа ба 10-солии зиндон маҳкум кард, менависад "Радиои Озодӣ".
Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба радио гуфтаанд, Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов — роҳбарони ширкатҳои "Зулола" ва "Анӯшервон" — ба ҷурми дуздии пули Фонди раисиҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам буданд ва 10 сол ҳукми зиндон гирифтанд.
Додгоҳи олӣ ин ду нафарро бо қисми чори моддаи 245 ва қисми сеи моддаи 294-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст. Ин ду модда ба масъалаи "аз худкуниву исрофкорӣ" ва "фиреби истеъмолкунандагон" марбут аст.
Таъмини мактабҳо бар пояи"Барномаи компютеркунонии мактабҳои Тоҷикистон аз соли 2011-2020" ҷараён мегирад. Ҳазинаи иҷрои ин барнома умдатан аз Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон пардохт мешавад. Ин ду ширкат ҳам дар пайи ғолиб шудан дар тендер мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғдро бо беш аз 100 компютер таъмин намудаанд.
Як масъули шуъбаи маориф дар ноҳияи Истаравшан, ки нахост номаш бурда шавад дар сӯҳбат ба "Озодӣ" ин хилофкориро тасдиқ кардааст.
"Мо ин компютерҳоро қабул кардем гуфта имзо кардем. Ҳамааш дар дохили қуттиҳо буд. Баъдтар бинем, даруни компютерҳо "пуч" баромад, протсессораш як қуттии холӣ будаасту бас", — гуфтааст манбаи радио.
Хилофкориҳои ширкати "Зулола" ва "Анӯшервон" дар як санҷиши махсуси намояндагони Вазорати маориф, Додситонӣ ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия ошкор шудааст. Парвандаи мазкурро Додситонии вилояти Суғд пеш бурда, баррасии онро ба Додгоҳи олии кишвар вогузор кард. Дар мурофиаи додгоҳӣ муаллимон ва ходимони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ашт ва Истаравшан ширкат кардаанд.
Киромиддин Назаров, роҳбари Маркази технологияҳои информатсионии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, хилофкориҳои ин ду ширкат қабл аз таъин шудани ӯ ба ин мақом сурат гирифтааст.
"Имсол аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон 1563 компютер дар маҷмӯъ ба мактаҳои кишвар ҷудо карда шудаанд. Аз ҳамин танҳо 408 компютер ба мактабҳои вилояти Суғд дода шуд. Барои тафтиши сифати ин компютерҳо як комиссияи вижаи иборат аз намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, мақомоти қудратӣ ва маориф ташкил шуд. Дар рафти ин санҷиш ҳам боз камбудҳо ошкор шуданд", — гуфтааст Назаров.
Барномаи компютеркунонии мактабҳо дар Тоҷикистон қариб пурра ба иҷро расидааст, аммо бинобар маҳдудияти интиқоли барқ дар шаш моҳи сарди сол ба манотиқи кившар хонандагон аз омӯзиши компютер маҳруманд. Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши компютер аз синфи 7 шурӯъ шуда, то синфи 11 идома мекунад.