ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнати ҶТ дар ФР ба бозпас додани як миллиону 100 ҳазор рубли маоши қарзӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик муваффақ шудааст, хабар медиҳад маркази матбӯъотии намояндагӣ.
Ба намояндагии вазорати меҳнати ҶТ дар Русия аз номи сохтмончиёни тоҷик муҳоҷири кории 22 сола Раҷабалӣ Қосимов аз вилояти Хатлон муроҷиъа кард.
Ба гуфтаи Қосимов, ин гурӯҳи муҳоҷирон аз моҳи июл то моҳи декабри соли 2014 барои ширкати "Викос" миқдори муъайяни корҳои сохтмониро анҷом дода, вале раҳбарияти ширкати сохтмонӣ ба далоили мухталин пардохти маошро ба дарозо мекашид.
Дар пайи музокироти корманди намояндагӣ бо раҳбарияти ин ширкат ба муҳоҷирон 650 ҳазор рубли қарзӣ пардохт карда шуд.
Ҳамчунин бо мусоъидати корманди намояндагӣ зодагони ноҳияи Нуробод Маҳмадалӣ Сангов ва Муродалӣ Сафаров, ки барои ширкати "Строй-Сервис" кор мекарданд, тавонистанд мутаносибан 172 ҳазор ва 118 ҳазор қарзҳои маоши худро бозпас бигиранд.
Ба ҷуз аз ин ба чаҳор нафар муҳоҷирони корӣ, ки дар муъассисоти мухталифи шаҳри Екатеринбург фаъолият мекарданд, дар маҷмӯъ беш аз 160 ҳазор рубл қарзҳояшон бозпас дода шуд.