Шогирдони макотиби Душанбе аз ронандаҳо хоҳиш доранд, ки баҳуш бошанд

Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон имрӯз ба манзури Рӯзи ҳифзи кӯдакон иқдоми “Нозири ҷавони ҳаракат дар роҳ” баргузор шуд.

Дар ин иқдом беш аз 20 шогирди макотиби миёнаи шаҳр ширкат карда аз ронандаҳо хостанд, ки барои ҳифзи ҳаёти кӯдакон дар роҳ баҳуш бошанд.

Тибқи омори расмӣ, дар соли гузашта дар ҷоддаҳои Душанбе 87 садама бо ширкати кӯдакон ва наврасон рух доданд, ки дар пайи онҳо ду шогирди макотиб ҷони худро аз даст доданду дигарон ҷароҳатҳо бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0