Ширкати сохтмонӣ аз Самара муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват мекунад

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузариш ба медиабонкСохтмончӣ. Акс аз бойгонӣ
Сохтмончӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати сохтмонии “Усто”, ки масъулияти иҷрои чанд тарҳи бузурги сохтмониро бар ӯҳда дорад бо беш аз даҳ ширкати сохтмонӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ширкати сохтмонии "Усто" аз шаҳри Самара барои кор муҳоҷирони кории тоҷикро барои хиштчинӣ даъват мекунад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия.

Ба гуфтаи раиси ширкат Таваккал Убайдов феълан онҳо ба 20 нафар коргар ниёз доранд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки ширкат масъулияти иҷрои чанд тарҳи бузурги сохтмониро бар ӯҳда дорад бо беш аз даҳ ширкати сохтмонӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар ширкат 100 нафар сохтмончиён аз Тоҷикистон фаъолият доранд. Ширкат кормандонро бо манзили зист таъмин мекунад. Ба сурати муттавасит коргарон дар як моҳ беш аз 30 ҳазор рубл дарёфт карда метавонанд.

Лентаи хабарҳо
0