Шояд дар сирк ба маҳорати Миша ҳасад баранд. Хирс ҳама ин нозукиҳои "санъати хос"-ро аз Зӯҳро Имомова, ки нӯҳ сол боз дар боғи ҳайвонот кор мекунад, омӯхтааст.
"Тайи як соле, ки ман ин ҷо набудам, ӯ ҳамаро фаромӯш кард. Ана, боз маҷбур шудам, ки аз сари нав ба ӯ ёд диҳам", — мегӯяд Имомова.
Ӯ хирсбачаҳоро мисли фарзандони худ дӯст медорад. Вақти таваллуди онҳо шахсан иштирок дошт. Ҳоло Миша "ситора"-и боғи ҳайвоноти Душанбест.