Намояндаи ФИФА: овозаҳо дар мавриди манъи ҚҶ-2018 беасосанд

Обуна шудан
Роҳбари департаменти коммуникатсия ва иртибот бо ҷомеъаи ФИФА Валтер Де Грегорио боздошт ва ҳабси чанд нафар аз мансабдорони ин ташкилотро шарҳ дода, сару садо дар бораи манъ гардидани мусобиқаи ҷаҳонии футбол (Қаҳрамонии ҷаҳон-2018) дар Русияро бепоя хонд.

Роҳбари департаменти коммуникатсия ва иртибот бо ҷомеъаи ФИФА Валтер де Грегорио гуфт, додситонии Швейтсария бар зидди чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯиистифода ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти "ҷоизаҳо" дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Гуфта мешавад, чанд тан аз афроди баланпояи ФИФА-ро дар пешорӯи анҷумани солонаи ин созмон дар шаҳри Сюрих дастгир кардаанд ва онҳо мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон мебошанд.

Роҳбари департаменти коммуникатсия ва иртибот бо ҷомеъаи ФИФА Валтер Де Грегорио боздошт ва ҳабси чанд нафар аз мансабдорони ин ташкилотро шарҳ дода, сару садо дар бораи манъ гардидани мусобиқаи ҷаҳонии футбол (Қаҳрамонии ҷаҳон-2018) дар Русияро бепоя хонд.

Мақомот мегӯянд, амалиёти боздошти ин 6 нафар аз сӯи пулиси Швейтсария субҳи 27 май дар меҳмонхонаи пуршукӯҳи "Baur au Lac" дар шаҳри Сюрих сурат гирифтааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0