Маҳмадбеков: фондҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби муҳоҷирон таъсис мешаванд

Обуна шудан
Тоҷикон дар кишварҳои Қазоқистону Русия тақрибан 82 ҷамъият-диаспораҳо доранд. Вазифаи онҳо муаррифии урфу одати миллат аст.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Моёншо Маҳмадбеков, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, барои муҳоҷирон фондҳои ҷамъиятӣ таъсис хоҳад шуд, менависад оҷонсии Tojnews.

Маҳмадбеков зикр кардааст, ки ин фондҳо аз ҳисоби худи муҳоҷирон пур карда мешаванд.

"Таъсиси фондҳои ҷамъиятӣ ин таҷриба давлатҳои дунёст. Масалан, Филиппин ҳам як таҷрибаи бузрги дунявӣ дар ин замина дорад. Дар ин кишвар зиёд фондҳое ҳастанд, ки худи муҳоҷирон ташкил мекунанд. Давлат ҳам вазифадор аст, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони худ чораҳои амалӣ андешад", — афзудааст вай.

Аммо вай гуфтааст, ҳоло маълум нест, ки дар ин замина давлати Тоҷикистон чӣ масъулиятҳоеро бар дӯш хоҳад гирифт. Ба иттилои Маҳмадбеков, тоҷикон дар кишварҳои Қазоқистону Русия тақрибан 82 ҷамъият-диаспораҳо доранд. Вазифаи онҳо муаррифии урфу одати миллат аст.

Ин масъули бахши муҳоҷирати вазорати меҳнат афзудааст, ки ташкили фондҳои ҷамъиятӣ бар асоси барномаҳои давлатии зиёде, ки давлат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба роҳ мондааст, ба вуҷуд омадааст.

"Барои мисол, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимии касбомӯзӣ сабти ном карда, дар муддатҳои кӯтоҳ соҳиби касб шаванд. Қонунгузории кишварҳои муҳоҷирпазирро ройгон омӯзанд ва ба ҳамин монанд барномаҳои дигари давлатӣ дар кишвар амал мекунанд", — гуфтааст Маҳмадбеков.

Лентаи хабарҳо
0