Ҳаммом ва ҳавочол барои бабру паланг- чораҳои наҷоти ҳайвонот дар Ҳиндустон

Обуна шудан
Дар боғи ҳайвоноти аёлати Талангони Ҳиндустон барои наҷот ҳайвонот аз гармии аз ҳад зиёд онҳоро оббозӣ медоранд, дар бархе аз панҷараҳои нигаҳдории онон бошад, ҳавочол насб карданд. Навори навбатӣ дар ин бора нақл мекунад.

Дар бархе аз аёлоти ҷанубии Ҳиндустон тафси ҳаво ба 48 дараҷа аз рӯи ҷадвали Селсия баробар шуд. Тибқи пешгӯии ҳавошиносон гармӣ дар чанд рӯзи баъд ҳам поён нахоҳад рафт.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи маҳаллии телевизиони NDTV теъдоди қурбониёни гармиро 750 нафар унвон кард.

Дар аёлати Андхра-Прадеш 551 одам ҳалок шуда, аксари онҳо чор рӯзи ахир қурбон шудаанд. Дар аёлати Теланган қариб 200 нафар фавтида, 36 каси дигар дар Орисса ва Банғолаи ғарбӣ ҷони худро аз даст додаанд. Синни аксари ҳалокшудагон аз 50 боло буда, онҳо муддати мадид дар ҳавои кушод зери таъсири нурҳои офтоб кор мекардаанд.

Мақомоти аёлоти ҷанубии Ҳиндустон ба сокинони минтақа тавсия медиҳанд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва беҳуда ба кӯча набароянд.

 

Лентаи хабарҳо
0