Раиси шаҳри Хуҷанд Емеляненкоро ба ҳузур пазируфт

© Предоставлено Джурабоем ДжумаевымФедор Емельяненко (дар мобайн) аснои нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд
Федор Емельяненко (дар мобайн) аснои нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони ҷаҳон аз намуди варзиши муҳорибаи омехта (ММА) Фёдор Емеляненко,ба ҳайси меҳмони ифтихории ин намуди мусобиқа, ки рӯзҳои 23-25 май дар Хуҷанд доир гардид, ширкат дошт.

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи шанбе варзишгари маъруфи рус, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи муҳорибаи омехта Фёдор Емеляненко ва ҳамсари ӯ Оксана Емеляненкоро ба ҳузур пазируфт, менависад сомонаи ҳукумати шаҳр.

Тавре қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи ин намуди варзиш Фёдор Емеляненко ба ҳайси меҳмони ифтихории мусобиқаи муҳорибаи омехта дар шаҳри Хуҷанд ширкат дошт.

Аснои мулоқот Емеляненко ва ҳайати ҳамроҳонашро шаҳрдори Хуҷанд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд,ки варзиш ва рушди он таҳти таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвар қарор дорад. Дар навбати худ варзишгари номӣ барои пазироии самимӣ ва баргузор намудани чунин чорабиниии сатҳи баланд изхори сипосмандӣ намуда, хостори таҳкими робитаи варзишгарони Русия ва Тоҷикистон шуд.

Пас аз мулоқот Раҷабзода ба Емеляненко ва дигар меҳмонон тӯҳфаи хотиравӣ, китоби Хучандро тақдим кард.

Чемпионати Осиё оид ба санъати муҳорибаи омехта (ММА) дар варзишгоҳи ба номи «20 солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хучанд рӯзҳои 23-24 баргузор гашта дар он варзишгарони Тоҷикистон, намояндагони Қирғизистон,Қазоқистон, Ӯзбакистон, Федератсияи Русия, Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон ширкат карданд.  

Лентаи хабарҳо
0