Дар Душанбе чоргоники дуввум ба дунё омад

© Sputnik / Леся Полякова / Гузариш ба медиабонкКӯдак дар зоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Кӯдак дар зоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як зани 23-солаи сокини шаҳри Панҷакент барои муоинаи тиббӣ ба зоишгоҳи рақами яки пойтахт роҳхат гирифт. Дар ин ҷо ӯ чаҳор кӯдак ба дунё овард.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Субҳия Норинова, як зани 23-солаи сокини деҳаи Варзиканди ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, шоми 22-май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе чоргоник, 3 духтар ва 1 писар ба дунё овардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Наргис Ниёзова, духтуре, ки чоргоникҳоро парасторӣ мекунад, гуфт, ҳоло саломатии навзодон каме вазнин аст ва барои беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.

"Саломатии модарашон хуб аст, назди кӯдаконаш омада хабар мегирад. Ширмакониро аз пагоҳ кам-кам сар мекунем. Ҳозир ширро тавассути дастгоҳи махсус мегиранд",-илова кардааст духтур.

Парастори чоргоникҳо афзуд, ки кӯдакон пеш аз мӯҳлат таваллуд шудаанд: "3 духтару як писар. Дувумаш писар аст. Кӯдаки якум бо вазни 1 килою 110 грамм, дуюм 1 килою 340 грамм, сеюмаш 1 килою 100 грамм ва чорумаш бо вазни 1 килою 150 грамм таваллуд шудаанд. Ҳаракат мекунем, ки хуб табобат ёфта, нағз шаванд".

Субҳия Норинова, модари чоргоникҳо мегӯяд, бо таваллуд шудани чоргоникҳо хеле хурсанд шудааст ва худро хушбахттарин зан меҳисобад.   

"Шукронаи Худо ваъи саломатияшон хуб, духтурон гуфтанд ҳамаашон хубанд. То ҳол фарзанд надоштам. Ин таваллуди якум аст ва аз таваллуди чоргоникҳо бениҳоят хурсанд шудам. Бе мушкилӣ таваллуд шуданд, падарашон ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд",-афзудааст модари чоргоникҳо.

Маврид ба ёдоварист, чанде қабл  дар шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, як модари 26-сола низ чоргоник таваллуд намуд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фоли нек дар Соли Оила арзёбӣ шуд. Бо дастури президент ба оилаи  Гулшан Маҷнунова дар Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо гардид.

 



Лентаи хабарҳо
0