Шабакаҳои телевизионии мустақил дар Тоҷикистон ба мушкил мувоҷеҳанд

© SputnikКитобчаи "Иқтидори техникии ташкилотҳои мустақили телевизионӣ аснои гузаштан ба пахши рақамӣ""
Китобчаи Иқтидори техникии ташкилотҳои мустақили телевизионӣ аснои гузаштан ба пахши рақамӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои пажӯҳиши ин созмони иҷтимоӣ дар миёни понздаҳ шабакаи телевизиониро эълон кард.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25 май дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои пажӯҳиши ин созмони иҷтимоӣ дар миёни 15 шабакаи телевизиониро эълон кард.

"Таҳқиқот нишон дод, ки аз миёни 15 шабакаи мустақили телевизионӣ, танҳо дуи он аз таҷҳизоти анологӣ ва дар 13 шабакаи дигар таҷҳизоти рақамии наворбардорӣ истифода мешавад, ки ин таҷҳизот бинобар ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуданашон, ба сифати наворҳо таъсир мекунанд ва худи мутахассионро низ қонеъ намегардонанд",- иброз дошт Зинатуллоҳи Исмоил, роҳбари ин ташкилот.

Ба қавли ӯ, ҳадафи ин пажӯҳиш муайян намудани иқтидори фаннии шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар давраи гузариш ба пахши рақамӣ мебошад ва ба таъкиди вай,  таҳқиқот тариқи сӯҳбат бо раҳбарони шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон анҷом шудааст.

Оқои Исмоилов гуфт, ин пажӯҳиш собит кардааст, ки дар 7 шабакаи мустақили телевизионӣ иқтидори фиристандаҳо аз 100 то 300 ваттро ташкил медихад, ки ин  нокифоя аст. Ҳамчунин, дар 10 шабакаи телевизионии пурсидашуда, нақлиёти махсус, барои наворбардорӣ вуҷуд надорад.

Зимнан, шабакаҳои мустақили телевизионӣ, ки аз аввали солҳои 90-уми асри 20 ба фаъолият оғоз кардаанд, имрўз дар ташаккули фазои иттилоотии кишвар саҳми муҳиме доранд. Новобаста ба имконоти хеле маҳдуди фанниву истеҳсолӣ онҳо барои расонидани ахбори маҳаллӣ ба мардум талош мекунанд ва дар пурра намудани фазои иттилоотии Тоҷикистон саҳмгузоранд.

Пажӯҳиши ахири Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон бо мусоидати дафтари намояндагии «Интернюс Нетворк» дар Тоҷикистон анҷом шуда ва тамоюли рушди телевизионҳои маҳаллиро дарбар гирифта, натиҷаҳои он барои мушаххас намудани сарнавишти шабакаҳои мустақили телевизионӣ аснои  гузариш ба пахши рақамӣ корбаст шуда метавонанд.

Лентаи хабарҳо
0