ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Тайи ин ҳафта дар Душанбе баргузории чаҳор чорабинии байналмиллалӣ оид ба мушкилоти маводи мухаддир ва мубориза бо он дар назар аст, иттилоъ медиҳад CA-NEWS бо истинод ба дафтари матбуотии АНМН.
Дар ҳамин ҳол, департаменти иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз 25-ум то 28-уми май дар Душанбе бо ширкати роҳбарони сохторҳои салоҳиятдори давлатҳои аъзои ин Созмон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СПАД ва Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти таҳдиди маводи нашъаовар баргузор мешавад.
Ба иттилои расмӣ, дар назар аст, ки баъди анҷоми ҳамоиш созишномае бо Русия ба имзо расонанд.
Ҳамчунин баргузории мулоқоти чорум раҳбарони ниҳодҳои зиддимухадироти Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон "Ташаббуси АҚТ" бо иштироки роҳбарияти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Душанбе дар назар аст.