56 табааи хориҷӣ аз Тоҷикистон ихроҷ гардиданд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар асоси нақшаи кории Раёсат оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби кормандони шӯъба зиёда аз 35 ширкат таҳти санҷиш қарор дода шуд.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Тайи чор моҳи соли равон бо қарори марбутаи додгоҳҳои кишвар 56 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош   аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд, иттилоъ медиҳад Хадамоти муҳоҷират.

«Дар давоми чор моҳи аввали соли 2015 амалиётҳои муштарак барои муайян намудани шахсоне, ки ғайри қонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон машғуланд ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар миқёси кишвар бе иҷозат расмӣ кору зиндагӣ мекунанд, инчунин санҷишҳои назоратиро баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ба хусус шаҳрвандони хориҷӣ мунтазам доир менамояд",- омадааст дар иттилоия.

Тибқи нақшаи кории Раёсат оид ба ҷилавгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби кормандони шӯъба зиёда аз 35 ширкат таҳти санҷиш қарор дода шуд.

"Аснои баргузории санҷишҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ муайян карда шуд, ки дар ин ширктҳо 2049 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 3615 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шуданд",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, бо мусоидати кормандони шӯъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ 545 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани иҷозат барои кор ба шуъбаи иҷозатномадиҳӣ фиристода шудаанд.

Гуфтанист, мутахассисони хориҷӣ дар ҶТ асосан аз мамолики Чин, Русия, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Италия ва Қирғизистон мебошанд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, нисбати 83 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубоши дар қаламрави Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 56 нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0