Тавсифи Султон Мирзошоев аз Эмомалӣ Раҳмон

© Предоставлен Шахло ГулходжаСултон Мирзошоев (аз чап) ва Иброҳим Усмонов дар мизи гирди "Гуфтугӯи тамаддунҳо"
Султон Мирзошоев (аз чап) ва Иброҳим Усмонов дар мизи гирди Гуфтугӯи тамаддунҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияташ дар шинохти кадрҳо ҳирфаитар ва даркаш ба масоили иқтисодӣ амиқтар шудааст.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Султон Мирзошоев, собиқ раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21 май дар нишасти навбатии маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" аз фаъолияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кард.

Вай дар посух ба суоли хабарнигорон оиди баҳогузорӣ ба фаъолияти раиси ҷумҳур гуфт, президент дар тӯли фаъолияташ аллакай дар шинохти кадрҳо ҳирфаитар ва даркаш ба масоили иқтисодӣ амиқтар шудааст.

Ӯ дар ин замина афзуд, ки президенти Тоҷикистон дар заминаи сӯҳбату мулоқотҳои рӯбарӯ бо мардум наздиктар гардидааст.

Раҳбари пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди додани унвони "пешвои миллат" ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт,  беҳтарин унвон ин аст, ки мардум ӯро ҳамчун президент интихоб карданд.

"Агар дар мулоқоте мӯйсафедон ба президент ҳамчун ба "подшоҳ" муроҷиат мекунанд, ин хости дили онҳост", — афзуд Султон Мирзошоев.

Вай ба пурсиш дар мавриди муддатҳои тӯлонӣ сари қудрат мондани раҳбарони Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва "агар чандин бори дигар интихоб шавад ҳам, сазовори ин мақом аст".

Султон Мирзошоев дар ин нишаст гуфт, ки кофтани сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ бас шавад. Мирзошоев пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро сабаби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон донист. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар сулҳи тоҷикон саҳми баробар доранд.

Лентаи хабарҳо
0