Дар амалиёти “Ғайриқонунӣ-2015” 12 нафар нақзкунандагон боздошт шуданд

© wikimedia.org/IbrahimjonДаромади шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ
Даромади шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амалиёти “Ғайриқонунӣ-2015”, ки дар вилоёти Суғду Хатлон баргузор шуд, ошкорсозии мавориди муҳоҷирати ғайриқонунии кории атбоъи кишварҳои дигарро ҳадаф дошт.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар ҷараёни баргузории амалиёти "Ғайриқонунӣ-2015" дар вилоёти Суғду Хатлон дувоздаҳ мавриди муқаррароти қавонини Тоҷикистон аз сӯйи атбоъи хориҷӣ ошкор шудааст, менависад хабаргузории "Авеста".

Ин амалиёт ба манзури ошкорсозии мавориди муҳоҷирати ғайриқонунии корӣ аз сӯйи атбоъи кишварҳои дигар ва ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон роҳандозӣ шудааст.

Дар рӯзҳои баргузории ин амалиёт дар вилояти Хатлон аз 11 то 18 моҳи май танҳо як мавриди нақзи қонун дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Кӯлоб ошкор шуд. Нақзкунанда шаҳрванди Русия буд, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

Дар вилояти Суғд ин маросим рӯзи чаҳоршанбе оғоз шуда то 29 май идома меёбад. Дар нахустин рӯзи амалиёт чанд санади маъмурӣ таҳия шуданд.

"Барои нақзи қавонини муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ 4 шаҳрванди Чин ва 7 шаҳрванди Молдавия кашида шуданд", — омадааст дар хабар.

Марҳилаи дуввуми амалиёти "Ғайриқонунӣ-2015" дар кишвар аз 21 сентябр то 9 октябри соли ҷорӣ сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0