ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия барои қочоқи беш аз 16 килограмм ҳероин барои 10 ва 11 сол равонаи зиндон шуданд, хабар медиҳад додситонии вилояти Москав.
Шаҳрвандони Тоҷикистон Маҳмадзоҳир Низомов ва Беҳрӯз Разоқов дар моҳи декабри соли 2013 тавассути мошин аз вилояти Ленинград ба вилояти Москав барои фурӯш ба мӯътодон беш аз 16 килограмм ҳероинро интиқол додаанд. Онҳо аз пайи худ таъқибро мушоҳида кард мошини ҳомили маводди мухаддирро дар ҷодае дар қаламрави ноҳияи Лотошински вилояти Москав мепартоянд ва худ дар бешазор панаҳ мебаранд, омадааст дар хабар.
Муддате пас ниҳодҳои интизомӣ ин афродро дар шаҳри Подолск боздошт мекунанд. Ба ғайр аз ин, таҳқиқот собит кардааст, ки Низомов бо асноди тақаллубӣ аз марзи Русия убур кардааст.
Додгоҳи шаҳри Подолск Низомовро ба 11 соли зиндони низомаш вижа маҳкум кард. Ҳамтояш Беҳрӯз Разоқов дар ҳамин навъи зиндон ба 10 сол маҳкум шуд.