ИФМ ФР пешниҳод дорад, ки бархе аз муҳоҷирон аз санҷишот озод шаванд

© Sputnik / Александр Поготов / Гузариш ба медиабонкМаркази супоридани санҷишоти муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Маркази супоридани санҷишоти муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан, омадааст дар тарҳи қонуни ИФМ, муҳоҷирон аз кишварҳое, ки дар он ҷо забони русӣ аз мақоми давлатӣ бархурдор буд, зарурати таъйиди донистани ин забон ҳатмӣ набуд. Вале аз соли нав ин муқаррарот иҷро намешавад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. ИФМ Русия пешниҳод дорад, ки муҳоҷироне, ки дар кишварҳояшон забони русӣ аз мақоми давлатӣ бархурдор аст, аз супоридани санҷиши донистани забони русӣ озод карда шаванд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар тарҳи қонуни ИФМ, ки дар бахши таҳияи қавонину аснод сомона гузошта шудааст, зикр мешавад, ки ба афроде, ки аз кишварҳои дорои мақоми давлатии забони русӣ ҳастанд, қаблан супоридани санҷиши таъйиди донистани он зарур набуд. Вале аз авоили соли ҷадид ин муқаррарот иҷро намешавад.

Муҳоҷирон бори аввал санҷиши забони русиро супорида наметавонанд

Дар идораи муҳоҷират бар ин назаранд, ки ин амр ба муҳоҷироне, ки барои дарёфти иҷозаи иқомат дар Русия аснод таҳия мекунанд, мавонеъи изофии маъмурӣ эҷод мекунад.

"Дар ин робита тарҳи қонун пешниҳод дорад, ки шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ аз мақоми давлатӣ бархурдор аст, аз супоридани санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қавонини Русия озод карда шаванд", — омадааст дар шарҳи тарҳи ин қонун.

Ба ҷуз аз ин, тарҳи қонун барои атбоъи хориҷии дигар меъёри талаботи мухталифи дониши зарурӣ барои ин санҷишотро вобаста ба аҳдофи сафари онҳо муқаррар кардааст. Ба унвони мисол, дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ, ҳаққи иқомат, иҷоза кор ё муҷҷавиз.

Лентаи хабарҳо
0