Кашфу мусодираи 32 кило ҳероин дар Бадахшони Афғонистон

© Flickr \ ResoluteSupportMediaМаводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулиси маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Афғонистон пас аз гирифтани маълумоти фаврӣ аз ҳамтоёни тоҷикистонии худ қарор кард, ки дар ҳудуди деҳаи Обараки улусволии Аргуи вилояти Бадахшон амалиёти вижа гузаронад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Аснои  гузаронидани чорабинӣ дар рустои Обараки Бадахшони ҷумҳурии исломӣ аз манзили истиқоматии шаҳрванд зиёда аз 32 кг маводи нашъаовари ҳероин дарёфт ва мусодира гардид, иттилоъ медиҳад Агентии назорати маводи нашъадор.

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ маълумоти фаврӣ  гирифтанд, ки сокини вилояти Бадахшони Афғонистон ба қочоқи нашъа аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул мебошад. Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар равон карда шуд.

Боздошти қочоқчиён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ОНММ оғози амалиёти “Кӯкнор-2015” ва “Раъд-2015”-ро эълом кард

Зимнан, дар асоси маълумоти фаврии мақомоти Тоҷикистон, пулиси Афғонистон қарор кард, ки дар ҳудуди деҳаи Обараки улусволии Аргуи вилояти Бадахшон чорабинии оперативӣ гузаронад.

"Айни ҳол соҳиби ҳероин ба ҳабс гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Амалиёт барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, идома доранд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалиёти муштараки ҷузъу томҳои зиддимухаддиротии ҶТ ва ҶИА фаъолияти боз як гурӯҳи чинояткор дар қаламрави Афғонистон қатъ гардид.

Лентаи хабарҳо
0