Барои омӯзиши ин навъи рақс ба алоқамандон дар кишвари мо устоди ин навъи рақс, мудири мактаби рақси тангои аргентинии "AlmadeTango" Хюго Фернандес ташриф овардаст.
Ин ки оҳанг ва рақс — забони ҷон ҳасту марз надорад, ин табаъайи аргентинӣ ба соддагӣ таъйид сохт ва рӯзи якшанбе дар нахустин дарси худ ширкаткунандагони ҷашнвораро ба нозукиҳои ин рақс ошно сохт.
Дар миёни ширкаткунандагон навшогирдоне низ буданд, ки дар бораи танго, бавижа тангои аргентинӣ, тасаввуре ҳам надоштанд.
Вале ба зудӣ ҳар яке метавонист қади худро дуруст нигаҳ бидиҳанд, ки ин амр ба ҳар ду рақсанда фароғат мебахшад ва тавонистанд ҳамтои худро дуруст раҳбаладӣ кунанд, то онҳо тавонанд қадамҳои дақиқ гузоранд.
Барои расидан ба ин амр шароити муносиб бо оҳангҳои саршиноси навозандагони аргентинӣ ва бастакорон Osvaldo Pugliese, Carlos Gardel, Francisco Canaro ва дигарон мусоъидат мекард.
Нахустин ҷашнвораи рақси танго дар Душанбе алаккай шоми имрӯз бо оҳанги видоъи милонгои Хюго Фернандес анҷом меёбад.