Дар Суғд ҷашнвораи дӯстии ҷавонон баргузор мешавад

© Flickr \ intellicaviarҶавонон
Ҷавонон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷашнворае, ки барои баргузориаш раҳбарияти вилояти 50 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст, тақвияти равобити дӯстона миёни ҷавонони манотиқи мухталифи Тоҷикистонро ҳадаф дорад.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ба хотири рӯзи ваҳдати миллӣ дар авоили моҳи июн дар Суғд ҷашнвораи дӯстии ҷавонон баргузор мешавад, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раҳбарияти вилоят.

Ахиран раиси вилоят қарори баргузории ин чорабиниро имзо кард. Барои баргузории ин ҷашнвора раҳбарияти вилоят ҳудуди 50 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст, омадааст дар хабар.

Ҷашнвора бо ҳадафи тақвияти равобити дӯстонаи миёни ҷавонони манотиқи мухталиф, шиносоӣ, ташкили тафреҳ ва табодули иттилоъот ва таҷриба баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0