ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Шаби гузашта марду занеро дар манзили зисташон дар деҳаи Турмандараи ноҳияи Файзобод шахсони номаълум бо корд захмӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд, иттилоъ медиҳад ОИ TojNews бо истинод ба як манбаъ дар ШКД.
Ба қавли маъмури пулис, ҳодиса тахминан соатҳои 01-и шаби 18-ум ба 19-уми май рух додааст.
"Ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудем, ки соҳибхона Миралӣ Шоев ва ҳамсараш Хиромон Мирзоева дар рӯи ҳавлӣ захмӣ беҳуш хобанд",- афзуд манбаъ.
Ба гуфти Фазлиддин Зубайдов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Файзобод, ба Миралӣ Шоев чаҳор корд дар бандҳои дасташ задаанд, ки ҳоло дар шӯъбаи наҷоти бемористон бистарӣ мебошад. Вазъи саломатии Хиромон Мирзоева хуб арзёбӣ мешавад.
Миралӣ Шоев 52 сол ва ҳамсараш 48 сол доранд. Зиндагии маъмулии деҳотӣ дошта, миёнаҳол ба сар мебаранд, омадааст дар хабари манбаъ.