ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Легионери испонии "Истиқлол" Хоссе Баллестер дар бозӣ бо тими "Далерон-Истаравшан"-и Истаравшан голи ягонаро вориди тӯри соҳибони майдон карда, пирӯзии дастаашро таъмин сохт, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тӯбе, ки дар дақиқаи чоруми қисми аввали бозӣ меҳмонон ба ҳадаф расониданд, ягона голи ин вохӯрӣ буд. Соҳибони майдон ҳарчанд кӯшиш карданд, натиҷаи бозиро иваз карда натавонистанд.
"Ҳамин тавр, "Истиқлол" дар шаш бозӣ пайдарапай ғолиб омада, пешсафи ягонаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дастаи Душанбе 18 имтиёз дошта дар мақоми аввал, тими "Хайр"-и Ваҳдат бо 13 хол дар ҷои дуввум қарор доранд",-омадааст дар хабар.
Дар даври оянда "Истиқлол" дар майдони худ дастаи "Регар-ТадАЗ"-ро, ки он ҳам аз пешсафони мусобиқа аст, қабул мекунад.