ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Фавти оммавии сайгакҳо — то 2,5 ҳазор адад дар вилояти Қустонай мушоҳида шудааст, менависад РИА Новости бо истинод ба хабари маркази матбӯъотии умури изтирории вилоят.
Дар вазорати кишоварзии кишвар изҳор доштанд, ки далели фавти сайгакҳо эҳтимолан ба осебпазир шудани ҷисми онҳо дар пайи зимистони тӯлонӣ сурат гирифтааст. Ба эътиқоди намояндагони ин вазоратхона, ҳайвонҳо ба бемориҳои сироятӣ осебпазир шуда дар мавсими обила фавтидаанд.
"Шонздаҳуми май дар ноҳияи Амангелдини вилояти Қустанай фавти оммавии сайгакҳо ба миқдори 856 адад рух дод.
Ҳабдаҳуми май ба сурати изофӣ боз 710 адад лошаи ин ҷонвар пайдо шуд. Дар маҷмӯъ лошаи 2,584 адад сайгакҳо ошкор шудаанд. Раванди ҷамъоварӣ ва безарарсозии ин лошаҳо идома дорад", — иқтибос овардааст манбаъ аз хабари умури изтирорӣ.
Зикр мешавад, ки ин мавриди нахустини фавти оммавии сайгакҳо дар Қазоқистон набудааст. Мавориди мушобеҳ қаблан дар вилояти Ақмола, Қараганда, Қустанай ва Қустанайи Ғарбӣ мушоҳида шудаанд.
Сайгак ҳайвони сумдор аз оилаи оҳуҳо мебошад. Қаблан миқдори сайгакҳо дар Қазоқистон ҳудуди як миллион адад арзёбӣ мешуд. Аммо, тибқи омори Анҷумани ҳифзи анвои табиъйии Қазоқистон, дар солҳои 1992 то 2003 миқдори онҳо 50 маротиба коҳиш ёфтааст. Далели коҳиши миқдори сайгакҳо ниёзи умда ба гӯшт ва шохҳои онҳо унвон мешавад.
Бо дарназардошти иқдомот барои ҳифзи ин навъи ҷонвар аз соли 2004 бад ин сӯ миқдори сайгакҳо тадриҷан афзоиш меёбад. Тибқи иттилоъи вазорати кишоварзии кишвар, феълан миқдори сайгакҳо дар Қазоқистон 256,7 ҳазор адад мебошад.