Бозёфт дар Турсунзода: хумдони замони Сомониён

Обуна шудан
Ҳудуди имрӯзаи шаҳри Турсунзода дар асрҳои IX-X ба қаламрави давлати Сомониён таалуқ дошт, ки он аввалин давлати тоҷикон ба шумор мерафт.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Хумдони сафолпазии асримиёнагӣ дар рустои Қамбари ноҳияи Турсунзода дарёфт гардид, ки он аз асрҳои IX-X боқӣ мондааст, менависад сомонаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Мутахассисон бозёфтро бостонӣ ва хеле нодир тавсиф мекунанд.

"Аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг дар деҳаи Қамбари шаҳри Турсунзода боз як ёдгории бостонии хело нодир — хумдони сафолпазии асримиёнагӣ бо нигоҳдошти тамоми ҷузъиётҳояш кашф ва ба қайд гирифта шуд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Бояд қайд намуд, ёдгории мазкур бо чунин нигоҳдошт ва ҳаҷм бори нахуст ба қайд гирифта шадааст.Таҳқиқҳои пешакӣ нишон доданд, ки хумдон ба асрҳои IX-X мелодӣ мансуб аст ва ноҳияи Турсунзодаи имрӯза ба қаламрави давлати Сомониён шомил будааст. 

Лентаи хабарҳо
0