Дар ноҳияи Рӯдакӣ ду духтар ба коми сел рафтанд

© wikimedia.org/Virginia State Parks staffОқибати сел. Акс аз бойгонӣ
Оқибати сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷасади ду духтар, ки сел онҳоро бурда буд, дар деҳаи Қарокамари ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардид.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду духтар дар пайи омадани сели 17 май дар ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Ориф Нозимов, сухангӯи кумита гуфт, ки ин духтарон Марям Абдуллоеваи 18-сола ва Хайриниссо Абдуллоеваи 16-сола мебошанд, ҳодиса дар чарогоҳи наздик ба рустои Нафтобод рух додааст.

Ба қавли манбаъ, ҷасади онҳо дар ҳудуди деҳаи Қарокамари ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ дар ноҳияи Ашт ва Истаравшан низ фаромадани сел ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 10 мошин ва 700 метр роҳро хароб кардаанд, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0